Ба гузориши агентсии хабарии АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки бо Амрико ва шарикони худ дар гурӯҳи ҳафт барои фишор ба Эрон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Бар асоси ин гузориш, Иттиҳоди Аврупо, ки ҳеҷ гоҳ ба таври мустақил ба уҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби созишномаи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд набудааст, даъво кард, ки ин амалро бо ҳадафи коҳиши шиддат ва тақвияти устуворӣ анҷом хоҳад дод!
Ин мавқеъгирии Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки вазири хизанаи Амрико якчанд рӯз пеш даъво кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба расмият ба корзори маъруфи «ҷудо кардани иқтисодии Эрон» пайваст ва ин амал паёми равшане барои Эрон дорад.
Скотт Бессент даъво кард, ки Амрико дар канори иттифоқчиёни худ истода то монеъи истифодаи Эрон аз низоми молии ҷаҳонӣ барои таъмини барномаи ҳастаӣ ва аслиҳа ва нерӯҳои вобаста ба худ дар минтақа шавад.
Your Comment